Рустам Эмомалӣ ба бизнеси ширии Наврӯз Комилов дар ҳудуди Душанбе иҷозат дод

© Дафтари матбуоти президентЭмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳангоми боздид аз ширкати Наврӯз Комилов дар соли 2014
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳангоми боздид аз ширкати Наврӯз Комилов дар соли 2014 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе ба ширкати "Комбинати шири Душанбе" мутааллиқ ба соҳибкор Наврӯз Комилов иҷозат дод, ки маҳсулоташ тариқи мағозаҳои сайёр ва автомашинаҳои махсус дар ҳудуди пойтахт ба фурӯш бароварда шавад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо тасвиби қароре ба ҶДММ "Комбинати шири Душанбе" иҷозат додааст, ки маҳсулотҳои шири ширкат тариқи мағозаҳои сайёр ва автомашинаҳои махсусгардонидашуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта шаванд.

Ширкат моҳҳои январи соли равон бо мақсади ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоташ тариқи мағозаҳои сайёру автомашинаҳои махсус барои гирифтани иҷозатнома ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат карда будааст.

Ферма ЗАО Комбинати шири Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
“Комбинати шири Душанбе” дар Истаравшан намояндагии корхонаи худро боз кардааст

Дар қарори Рустам Эмомалӣ таъкид карда мешавад, ки ҳангоми додани иҷозатнома хулосаҳои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ба инобат гирифта шудааст.

Иҷозатномаи мазкур то 26 июни соли 2021, яъне барои ду сол ба кор меравад.

"Ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Комбинати шири Душанбе" ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши маҳсулотҳои ширӣ тариқи мағозаҳои сайёр ва автомашинаҳои махсусгардонидашуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дарназардошти риояи талаботу қоидаҳои санитарию бойторӣ тибқи замима то 26 июни соли 2021 иҷозат дода шавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарори Рустам Эмомалӣ.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Комбинати шири Душанбе" бояд номгӯи маҳсулотҳои ширии пешниҳодшавандаро бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе мувофиқа намояд.

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Белорус ба бозор мебарояд

Ёдрас мешавем, ширкати ширии мутаалиқ ба Наврӯз Комилов, соҳибкори тоҷик соли 2014 навсозӣ шуда, дубора ба кор шурӯъ карда буд. Он замон дар ширкат 93 намуди маҳсулоти ширӣ ва тамоми намуди зарфҳои пластикии якбормасрафӣ барои ин маҳсулот зарурӣ истеҳсол карда мешуд.

Дар ин коргоҳ бори аввал дар Тоҷикистон истеҳсоли панири хушлаззат аз шири буз ба роҳ монда шудааст, ки ба гуфти роҳбари корхона Наврӯз Комилов бо пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0