ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан корхонаи коркарди шири "Асил" ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилоъи манбаъ, корхонаи мазкур намояндагии "Комбинати шири Душанбе" буда, 8 намуди маҳсулоти шириро истеҳсол менамояд.
"Корхонаи шири "Асил" дорои озмоишгоҳҳи муосир буда, тамоми маҳсулоти истеҳсолшудаашро санҷиш мекардааст", — омадааст дар иттилои манбаъ.
Корхонаи "Асил" 20 нафарро бо ҷойи кор ва музди худ таъмин кардааст.