Пешниҳоди Панҷакенту Самарқанд барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

© Pixabay / LoggaWigglerСамарканд, Узбекистан
Самарканд, Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳраки Панҷакент барои сабт шудан дар феҳрасти ЮНЕСКО пешниҳод мешавад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Аз 26 то 28 июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Семинари суб-минтақавӣ оид ба коркарди стратегия ва идораи ёдгориҳои Роҳи абрешим дар Осиёи Марказӣ баргузор гашт.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари гурўҳ), Абдуллоев Абдулло, котиби сеюми Комиссияи миллии оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазораи корҳои хориҷии ҶТ, Раҳимов Набиҷон, мудири кафедраи бостоншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Дилшод Раҳимӣ – муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот намояндагӣ карданд.

Выставка ремесленников в Исмаилитском центре в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
ЮНЕСКО чаканро мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳон эътироф кард - видео

Дар семинар ҳайатҳо аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат карда, инчунин Роланд Лин –мутахассиси барномасоз аз Маркази мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, Казуя Ямаучи – профессори Институти илмӣ-тадқиқотии арзишҳои фарҳангии Донишгоҳи Тейкёи Ҷопон, Тим Уилямс – профессори коллеҷи назди Донишгоҳи Лондон, Ҷӣ Хе – профессори Институти дизайни рақамии Донишгоҳи Тянсзиняи Чин, Тим Винтер устоди Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Созмондиҳандаи семинар Бюрои минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато буда, ҳамоиши мазкур бо мақсади коркарди стратегия ва идораи ёдгориҳои Роҳи абрешим дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар бахшҳои семинар вазъи омодасозии ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла номинатсияи “Роҳи абрешим: гузаргоҳи минтақавии Фарғона-Сирдарё", ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон пешниҳод хоҳад шуд ва номинатсияи “Гузаргоҳи Зарафшон: Панҷакент – Самарқанд – Пойканд”, ки марбут ба ёдгориҳои Тоҷикистон ва Узбакистон мебошад, мавриди баррасӣ қарор ёфтанд.

Бояд таъкид кард, ки ба номинатсияи гузаргоҳи Фарғона-Сирдарё 6 ёдгории воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон: Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин ва Мақбараи Ҳазрати Бобои шаҳри Хуҷанд, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара ва мадрасаи Абдулатиф Султони шаҳри Истаравшан шомил мебошанд.

Мавзолей Мир Сайида Али Хамадони в Кулябе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бозёфти мероси давраи Кӯшониён аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Номинатсияи “Гузаргоҳи Зарафшон: Панҷакент – Самарқанд – Пойканд” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки бостонии Панҷакентро дар бар мегирад. Иҷрои лоиҳаи ин номинатсияро Институти байналмиллалии таҳқиқотҳои Осиёи Марказӣ – ИБТОМ (МИЦАИ) дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Тоҷикистону Узбакистон ба уҳда дошта, қарор аст, дар соли 2022 онро ба дафтари ЮНЕСКО ҷиҳати сабт пешниҳод намояд.

Бояд қайд намуд, ки то ба имрӯз аз ёдгориҳои фарҳангӣ ва табиии кишвар шаҳри бостонии Саразм (с. 2010) ва «Боғи Миллӣ» (Кўҳҳои Помир, с. 2013) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0