Бозёфти мероси давраи Кӯшониён аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкМавзолей Мир Сайида Али Хамадони в Кулябе. Архивное фото
Мавзолей Мир Сайида Али Хамадони в Кулябе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду ёдгорӣ - нақби асримиёнагӣ ва ашёи хоҷагидорӣ ёфт шудааст

 

ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Ҳангоми пешбурди корҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди ҷанубу шарқии деҳаи Тудабоёни Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду адад ёдгориҳои мероси ғайриманқул: нақби асримиёнагӣ ва иншооти хоҷагидорӣ бо боқимондаи хумҳои мансуб ба давраи Кӯшониён бозёфт карда шуд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ин бора ба Вазорати фарҳанг бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маълумот пешниҳод гардидааст.

Қайд намуд, ки ҳудудҳои имрӯзаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар қаламрави Хатлони қадим маҳсуб буда, дар он миқдори зиёди ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии дараҷаи маҳалӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд. 

Гуфта мешавад, ки ёдгориҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг мавриди таҳқиқ ва бақайдгирӣ қарор ёфта, омӯзиши минбаъдаи онҳо аз ҷониби мутахассисони касбӣ ба анҷом расонида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0