ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба Минск парвоз кард.
Дар чорчӯби сафари хуб ба Минск, президенти Русия Владимир Путин бо кишвардори Белорус Александр Лукашенко суҳбат хоҳад кард. Ҳамчунин раҳбари Русия дар маросими пғшидашавии Бозиҳои Урупоӣдар Минск ширкат хоҳад кард.
Қайд мешавад, ки Владимир Путин дар шаҳри Минск бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор мекунад.
Пештар Лукашенко гуфта буд, ки дар Минск суҳбати сеҷонибаи сарони Русия, Белорус ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар баробари ин ҷониби Русия то ҳол суҳбати сеҷонибаро тасдиқ накардааст.
Бозиҳои Урупоӣ рӯзи 21 июн дар Минск оғоз шуданд. Дар ин маросими бошукӯҳи варзишӣ беш аз 3,6 ҳазор варзишкор ширкат мекунад.
Дар сабқатҳо то кунун дастаи Русия аз дигар рақибонаш бартарӣ дорад. Варзишкорони ин кишвар 39 медали тилло, 19 нуқра ва 35 нишони биринҷиро аз худ кардаанд. Мақоми дуюмро Белорус (22-14-25) аз худ кардаасту ҷои сеюм насиби Итолиё (11-13-11) шудааст.