Раҳмон Путин ва Лукашенко дар Минск вомехӯранд

© Пресс-служба Президента РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин, президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко
Президент России Владимир Путин, президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков эҳтимоли дидори кишвардорон - Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенкаро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Белорус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Урупоӣ дар Минск, дидор мекунад, гуфт сухангӯи кишвардори Русия Дмитрий Песков.

Песков қайд кард, ки Маскав то ҳол аз вохӯрии сеҷониба огоҳӣ надорад.

"Мо ҳоло дар ин бора чизе намедонем. Онҳо албатта дар маросими пӯшидашавӣ дидор мекунанд. Дар бораи дигар нақшаҳои мизбонон (ҷониби Белорус - шарҳ аз идора) мо то ҳол хабар надорем",- гуфт сухангӯи Путин.

Встреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко Раҳмонро барои борон сипосгузорӣ кард

Раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко пештар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот карда буд. Зимни суҳбат Лукашенко гуфт, эҳтимолан дар Минск сарони Русия, Тоҷикистон ва Белорус дидору гуфтугӯ кунанд.

"Пагоҳ Путин биёяд, мо метавонем секаса суҳбат кунем",- гуфт раҳбари Белорус дар муроҷиат ба Раҳмон.

"Путин меояд, секаса суҳбат мекунем": Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон

Ёдрас мешавем, ки то ин дам Путин дар нишасти  "Бистгонаи бузург" дар Осака буд. Раҳбари Русия дар ин ҷо бо президенти ИМА  Доналд Трамп, президентм Фаронса Эмманюэл Макрон, канслери Олмон Ангела Меркел ва сарвазири Бритониё Тереза Мэй ва дигар сиёсатмадорон дидору мулоқот кард.

Лентаи хабарҳо
0