Зуҳуров аз шикояти шаҳрвандон то қабули 400 қарор гуфт

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкМежпарламентская ассамблея СНГ
Межпарламентская ассамблея СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 31 Шӯрои маҷлиси намояндагон бо назардошти масъалаҳои коргузорӣ зиёда аз 400 қарор қабул шудааст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, дар ҷаласаи хотимавии Парлумон хабар дод, ки дар 31 Шӯрои маҷлиси намояндагон зиёда аз 400 қарор қабул шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар 24 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, 171 масъала таҳлилу баррасӣ шуда, дар мавриди онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров: беш аз 300 шаҳрванди гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд

“Аз ҷумла 97 қонун ва тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои амалкунанда, 23 созишномаи байниҳукуматӣ ва дигар барномаву санадҳо ба тасвиб расиданд. Вобаста ба талаботи замон ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурат пеш омад, ки ба 73 кодексу қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст”, - гуфт Зуҳуров.

Зуҳуров: моҳонаи 1800 сомонӣ барои коргарони корхонаи сементбарорӣ кофӣ нест

Инчунин раиси Парлумони Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар давоми иҷлосияи панҷум наздик ба 1500 арзу шикоят ва муроҷиату дархости шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон ва мустақим ба худи вакилони мардумӣ расидааст.

“Танҳо аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагон зиёда аз 150 дархосту аризаи сокинон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва барои ҳалли мушкилоти интихобкунандагон тадбирҳои муносиб андешида шуданд”, - қайд намуд вай.

Нописандии мансабдорон ба вакилон: Зуҳуров гуфт, ба Президент мерасонад

Дар ҳамин ҳол Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки аз ҳар ҷумлаи номаву муроҷиатҳо дида мешавад, ки мардум ба вакилон ва мақоми олии қонунгузории Тоҷикистон эътимоди бузург доранд.

Вай афзуд, ки вазифаи ҳар як вакили мардумӣ дар он аст, ки эътимоди мардумро пос дорад ва кӯшиш намояд, то ҳадди имкон ба арзу шикояти сокинони кишвар расидагӣ намояд.

Лентаи хабарҳо
0