Зуҳуров: беш аз 300 шаҳрванди гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПредседатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи хотимавии Парлумон таъкид намудааст, ки шаҳрвандони гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистон, ки ба Ватан омаданд, дар кишвар зиндагии осоишта доранд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, дар ҷаласаи хотимавии Парлумон эълон намудааст, ки то имрӯз зиёда аз 300 шаҳрванди гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистонро ба Ватан оварда, ба зиндагии осоишта бозгардондем.

Шукурджон Зухуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров: моҳонаи 1800 сомонӣ барои коргарони корхонаи сементбарорӣ кофӣ нест

Вай қайд намудааст, ки ҳамчунин наздик ба 100 кӯдаки тоҷик аз минтақаҳои ҷангу хушунат ба Тоҷикистон баргардонида шуд.

“Ва, то ҷое медонем, ин иқдоми нек идома дорад. Мехоҳам боифтихор таъкид намоям, ки ин аст номуси ватандорӣ, ин аст сиёсати ҳақиқии миллӣ, ин аст амали хайру савоб!”, - гуфт Зуҳуров.

Зуҳуров ба сафири Эрон: Шумо он чи ки метавонистед, барои тавсеаи дӯстӣ анҷом додед

Зуҳуров баргардонидани 84 кӯдаки тоҷик аз Суря ва Ироқро рӯйдоди инсонпарваронае донистааст, ки на танҳо дар матбуоти кишвар, балки дар фазои иттилоотии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Ин иқдоми муҳим ба Ватан овардани 84 кӯдаки тоҷик аст, ки бо гуноҳу иштибоҳи волидонашон дар кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ғарибу сарсон ва гушнаву гирён сукунат доштанд”, -афзуд раиси парлумони Тоҷикистон.

Нописандии мансабдорон ба вакилон: Зуҳуров гуфт, ба Президент мерасонад

Вай зикр намуд, ки ин тифлакон баъд аз шикасти гурӯҳҳои террористӣ якҷо бо модаронашон ва қисме умуман бепарастор боздошт шуда буданд. То ба Тоҷикистон овардани ин кӯдакон аксари онҳо якҷо бо модарони худ дар зиндонҳои занона ва ё дар қароргоҳҳои бепарасторон нигоҳдорӣ мешуданд.

Розигии модар, 400 доллар ва қарори суд: вазир дар бораи овардани кӯдакон аз Ироқу Сурия

“Ин тифлакони бегуноҳи мо, ки аксарашон навзоду навроҳанд, ба Ватан оварда шуданд. Ин иқдоми хайру пурсавоб, ки дар оғози моҳи шарифи Рамазон сурат гирифт, на танҳо аз сӯи хонадону пайвандони тифлони бозоварда ва балки аз сӯи ҷомеаи Тоҷикистону ҷаҳон гарм пазируфта шуд”, - таъкид кард Шукурҷон Зуҳуров.

Лентаи хабарҳо
0