Тӯли 5 моҳ дар Тоҷикистон ҳудуди 32,6 миллион тонна коло ҳамлу нақл шуд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала, архивное фото
Работа грузового контейнерного терминала, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи 5 моҳи соли равон ҳаҷми ҳамлу нақли молу коло дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба ҳаҷми 32,6 миллион тонна афзойиш ёфтааст

 ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар 5 моҳи гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 32,6 миллион тонна коло таробарӣ ва ё ҳамлу нақд шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Заместитель председателя Согдийской области Анвар Якуби на церемонии открытия выставки-ярмарки Сугд-2017 - Sputnik Тоҷикистон
Ёқубӣ: соли равон аз Суғд ба Русия беш аз 5 ҳазор тон мева содирот шудааст

Манбаъ афзудааст, ки ин ҳаҷм дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 5,6 дарсад афзойишро нишон медиҳад.

Бино ба иттилоъи ожонси омори кишвар, дар  ин муддат аз тариқи роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2,1 миллион тонна коло таробарӣ ва ё ҳамлу нақл гардид. Ҳаҷми таробарӣ аз тариқи роҳи оҳан дар муқойиса бо 5 моҳи аввали соли гузашта 0,8 дарсад рушд карда будааст.

Худравҳо беш аз 30,4 миллион тонна коло таробарӣ карданд. Таробарии худравҳо дар муқойиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 6 дарсад афзойиш ёфт.

Саҳми худравҳо 93,4 дарсади таробарии колоҳоро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0