Садамаи маргбор: мошин ба дарёи “Кофарниҳон” чаппа шуду, ду нафар ба ҳалокат расид

© Sputnik / Павел Петров / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль упал в реку
Автомобиль упал в реку - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садамаи маргбор, ки дар натиҷаи он ду нафар ба ҳалокат расиданд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромит рух додааст

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор рӯзи 26 июни соли равон тахминан соатҳои 11:00 рӯх додааст.

Селевой поток перевернул микроавтобус на дороге Худжанд-Аш - Sputnik Тоҷикистон
Тафсилоти чаппа шудани микроавтобус бо мусофирон дар пайи сел дар Суғд - акс

Тавре манбаъ қайд намудааст, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ Нексия”, Кучаров Наврӯз Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати шаҳраки Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳоти Ромит ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромит, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, машинашро ба дарёи “Кофарниҳон” чаппа намудааст. 

Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири мошини мазкур Абдумалики Абдураззоқ, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Мошин чаппа шуд ва ронанда ҳалок гашт: тафсилоти садама маргбор дар роҳи "Душанбе-Чаноқ"

Дар ҳоли ҳозир, ҷасади ронандаи автомашина пайдо шудааст, аммо барои дарёфти ҷасади мусофири он, чорабиниҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0