Тафсилоти чаппа шудани микроавтобус бо мусофирон дар пайи сел дар Суғд - акс

© фото очевидцев Селевой поток перевернул микроавтобус на дороге Худжанд-Аш
Селевой поток перевернул микроавтобус на дороге Худжанд-Аш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
КҲФ мегӯяд, дар натиҷа касе осеби ҷиддӣ надида, дарҳол мусофирон аз дохили Sprinter берун оварда шуданд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Сокинони ноҳияи Ашт аз боришоти борони шадид ва омадани сели калон дар роҳи миёни ноҳияҳои Ашт ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳанд.

Баъд аз зуҳри рӯзи 17-уми май дар натиҷаи боришоти зиёди борон сел омада ва ягона роҳе, ки ноҳияи Ашт ро бо Хуҷанд ва дигар навоҳии Суғд мепайвандад, вайрон кардааст.

Шоҳидон, сокинони ноҳияи Ашт, ҳоло аз чаппа шудани як микроавтобуси навъи Sprinter хабар медиҳанд, ки ҳамроҳ бо мусофирон дар масири Хуҷанд-Шайдон и Ашт ҳаракат мекард.

© фото очевидцевСелевой поток на дороге Худжанд-Аш
Тафсилоти чаппа шудани микроавтобус бо мусофирон дар пайи сел дар Суғд - акс - Sputnik Тоҷикистон
Селевой поток на дороге Худжанд-Аш

Сайидо Шодӣ, сухангӯи раиси ноҳияи Ашт ба қавл аз нақли Диловар Ҳамдамов, сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд мегӯяд, ки шиддати сел ба дараҷае зиёд буд, ки микроавтобусро аз ҳаракат боздошта ва сипас онро чаппа кардааст.

"Дар баробари истодан дар ҳол мусофирон аз дохили микроавтобус бароварда шуданд. Хушбахтона дар паи ин ҳодиса ба ягон мусофирон зарари ҷиддӣ нарасидааст",- афзуд сухангӯи ҳукумати Ашт.

Манбаъ мегуяд микроавтобуси ба Ҳайитқул Шарипов сокини ноҳияи Ашт тааллуқ доштааст ва онро кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллода аз коми сел гирифтаанд. Сухангӯи раиси ноҳияи Ашт, мегуяд зимнан масъулони ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ва вилояти Суғд дар ҷои ҳодиса кор мебаранд.

Пештар, ҳавошиносон ҳушдор дода буданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон борони шадид, жола, раъду барқ ва дар минтақаҳои кӯҳӣ боришоти барф дар назар дошта шудааст.

"Ҳаво дар вилояти Суғд    абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола низ  дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона  12-17  дараҷа гарм мешавад", - гуфта мешуд дар иттилоияи агентии ҳавошиносӣ.

Зимнан, тариқи радио ва телевизион дар Суғд ҳушдор дода шуда буд, ки ҳавои номусоид дар назар буда, то 18 май идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0