Марҳамат ба шиноварӣ: Аҳмадзода се шиногоҳи Хуҷандро бозсозӣ кард

Обуна шудан
То 1 июни соли равон бояд се шиногоҳи соҳили дарёи Сир пурра омода гардида, мавриди истифода қарор дода шавад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд се шиногоҳ ба сокинону меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад. Дар ин бора зимни шиносоии hаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи кунунии шиногоҳҳои соҳили Сирдарё иттилоъ дода шуд.

Имрӯз, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо вазъи шиногоҳи назди варзишгоҳи “Лочин” шинос гардида, аз ҳолати ногувори ин шиногоҳ, ки солҳо инҷониб истифода нашудааст, изҳори нигаронӣ намуд.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони ватанию хориҷӣ барои Ҷоми Аҳмадзода сабқат мекунанд

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо мақсади муаррифии зарфиятҳои соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳону гардишгарон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шиногоҳи мазкур барқарор карда шуда, ба истифодаи сокинон вогузор хоҳад шуд.

Дар ин замина ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи сохтмон дастур дода шуд, ки барои пурра омода намудани шиногоҳи назди варзишгоҳи “Лочин” ва бо тарҳи муосир ороиш додани он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта шуд, ки дар ин минтақа сохтмони тарабхонаи брендии “Форел” низ идома дорад ва бешак ин мавзеъ ба яке аз маконҳои зебову дӯстдоштании сокинону сайёҳон табдил хоҳад ёфт.

Ҳамчунин раиси вилоят бо вазъи кунунии шиногоҳи соҳили рости дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд аз наздик ошно шуд.

Шиногоҳи ин мавзеъ, ки дар замони собиқ Иттиҳод Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш дар истифодаи умум қарор надошт, соли гузашта бо ибтикори роҳбарияти вилоят аз нав фаъол гардида буд.

Ҳангоми ошноӣ раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати нав намудани реги шиногоҳ, бунёди майдончаҳои варзишӣ барои бозии волейбол ва футбол, омодасозии ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ дастуру супоришҳо дод.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода навестил юного инвалида - Sputnik Тоҷикистон
Тақдими кӯмакпуливу маводи ғизоӣ: Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони маъюбу ятим рафт

Дар идомаи боздид раиси вилоят ҳамзамон ҷараёни корҳои сохтмониро дар маҷмааи истироҳатию фароғатӣ ва шиногоҳи соҳили чапи дарёи Сир мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар наздикии чойхонаи Сирдарё, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев бунёд гардида, аз шиногоҳи нав, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футболу волейбол, теннис, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат аст.

Дар аснои шиносоӣ раиси вилоят барои бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо ва то мавсими нав омода сохтани маҷмаа ба роҳбарияти шаҳр тавсияҳо дод.

Таъкид карда шуд, ки то 1 июни соли равон бояд ҳар се шиногоҳи соҳили дарёи Сир пурра омода гардида, мавриди истифода қарор дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0