Боркашонӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийГрузовые фуры, архивное фото
Грузовые фуры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси омори Тоҷикистон аз афзоиши боркашонӣ дар кишвар тайи 5 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, тайи 5 моҳи гузашта дар кишвар ҳудуди 32,6 миллион тонна коло таробарӣ шуд, гузориш додааст хабаргузории ТоҷикТа.

Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боркашонӣ дар Тоҷикистон 3,5 дарсад афзоиш ёфт

Манбаъ афзуд, ки ин ҳаҷм дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 5,6 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Бино ба иттилоъи ожонси омори кишвар, дар  ин муддат аз тариқи роҳи оҳани ҶТ беш аз 2,1 миллион тонна коло таробарӣ гардид.

“Ҳаҷми таробарӣ аз тариқи роҳи оҳан дар муқойиса бо 5 моҳи аввали соли гузашта 0,8 дарсад рушд кард”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ илова намуд, ки худравҳо беш аз 30,4 миллион тонна коло таробарӣ карданд. Таробарии худравҳо дар муқойиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 6 дарсад афзойиш ёфтааст ва дар ҳаҷми умумӣ 93,4 дарсади таробарии колоҳо саҳми худравҳо мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0