ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, дар ин муддат аз тариқи роҳи оҳан беш аз 1,6 миллион тонна коло таробарӣ шуд, навиштааст ТоҷикТА.
Манбаъ афзуд, ки ин ҳаҷм дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 0,1 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ожонси омор иттилоъ додааст, ки аз тариқи худравҳо беш аз 23,1 миллион тонна коло ҳамлу нақл шуд.
“Ҳаҷми ҳамлу нақл аз тариқи худравҳо дар муқойиса бо чаҳор моҳи аввали соли гузашта 3,8 дарсад афзоиш ёфт”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзудааст, ки ҳудуди 93,4 дарсади кулли колоҳои таробаришуда саҳми худравҳо мебошад.