Тоҷикистон хостори пардохти ҷубронпулӣ ба муҳоҷирони заҳролудшуда дар Русия шуд

© Sputnik / Владимир Смирнов / Гузариш ба медиабонкСкорая помощь, архивное фото
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон хостори рӯёндани ҷуброни зарар аз корфармои муҳоҷирони заҳролудшудаи тоҷик дар Русия шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба хабаргузории РИА Новости гуфтаст, ки ҳамаи заҳролудшудагон аз беморхона мураххас шудаанд.

Сотрудники ФСБ России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ФСБ Русия се муҳоҷир аз Осиёи Марказиро боздошт кард

“Феълан гуфтушунид барои пардохти ҷубронпулӣ аз ҷониби корфармо ба муҳоҷирони заҳролудшуда идома дорад. Ташхис дар муҳоҷирон кампилобактериоз – заҳролудшавии шадиди рӯдаю меъдаро ошкор кардааст”, - изҳор доштааст Аҳмадов.   

Сабаби заҳролудшавӣ истеъмоли гӯшт, шир ва оби ифлос арзёбӣ мешавад.

Иброҳим Аҳмадов афзудааст, ки “Роспотребнадзор” дар пайи заҳролудшавии гуруҳии муҳоҷирон фаъолияти ошхонаи иттиҳодияи истеҳсолии “Одинтсово”-ро то муайянсозии тамоми ҷузъиёти қазия мутаваққиф кард.

Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта ҳудуди 50 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Одинтсоваи вилояти Маскав дар корхонаи истеҳсоли дару тиреза - ҶДММ “Одинсова” дар пайи истеъмоли ғизо заҳролуд шуда буданд.

Аз 50 муроҷиаткунанда 12 нафарашонро дар беморхона хобонда буданд ва феълан баъди табобат ҳама мураххас шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0