ФСБ Русия се муҳоҷир аз Осиёи Марказиро боздошт кард

© © ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкСотрудники ФСБ России, архивное фото
Сотрудники ФСБ России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ) се муҳоҷир аз Осиёи Марказиро ба иттиҳоми омодасозии амалиёти теруристӣ дар Маскав дар рӯзҳои ҷашни Соли нав боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ин се боздоштшуда аз пайравони созмони теруристии "Давлати исломӣ" буда ва қасд доштаанд дар рӯзҳои ҷашни Соли нав ва интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дар Маскав амалиёти интиҳорӣ (худкушӣ) анҷом диҳанд, хабар медиҳад Маркази равобити умумии ФСБ Русия.

"Созмони амнияти федероли Русия фаъолияти як гурӯҳаки пинҳонкори "Давлати исломии Ироқу Шом"-ро хунсо кард. Ин гурӯҳаки торуморшудаи ДОИШ-ро саркардаҳояш аз хориҷа раҳбарӣ ва фармондеҳӣ мекарданд", — гуфта мешавад дар хабари Маркази равобити умумии ФСБ Русия.

Нерӯҳои амниятӣ аз манзили аъзои ин гурӯҳак дар ноҳияи Одинсово бумбҳои худсохт, силоҳи оташфишон, тиру норанҷакҳо, гӯшиҳои телефон ва бесимҳо, ҳамчунин корафзор барои таҳияи маводи мунфарҷира ёфтаву мусодира кардаанд.

Ҳамчунин ошкор шуда, ки ин ҷангҷӯён барои ДОИШ "сарбозгирӣ" мекарда, ки аз миёнашон "худкушҳоеро" барои анҷоми амалиёти интиҳорӣ омода мекардаанд.

"Дар паи баррасии матолиби иттилоъотии дарёфтӣ се узви гурӯҳаки ҳаросафкан — муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт шуданд. Коргоҳи омодасозии маводи мунфаҷира, ки онҳо роҳандозӣ карда буданд, нобуд карда шуд", — гуфта мешавад дар хабари ФСБ.

Боздоштшудагон муттаҳам ба "ҳамдастӣ бо созмони теруристӣ", "созмондиҳии гурӯҳи теруристӣ" ва "созмондиҳии фаъолияти гурӯҳи теруристӣ ва ширкат дар он" шудаанд. Ҳамакнун ин се муттаҳам дар боздоштгоҳ ҳастанд ва парвандаашон такмил мешавад. 

Лентаи хабарҳо
0