Санаи баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ, даъвати панҷум маълум шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан, архивное фото
Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии кишвар “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамоянд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Рӯзи 11 июли соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи  бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад, иттилоъ додааст агентии “Ховар”. 

Маҷлиси ҳукуматӣ. 26.05.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Аз ислоҳи қонуни разведкаи Қувваҳои Мусаллаҳ то Кодекси андоз: Раҳмон маҷлис барпо кард

Манбаъ афзудааст, ки дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасиву ҷонибдорӣ менамоянд.

“Инчунин дар иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” ва як қатор қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст”, -афзуд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0