Русия – 1, Узбакистон – 2: ҷамъбасти мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ дар Хуҷанд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкПловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем
Пловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои 22-25 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 2-юмин мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа беш аз 50 варзишгар аз 6 давлат – Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон иштирок намудаанд.

Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наҷоти се наврас аз коми мавҷҳои туфонии рӯди Сир

“Шиноварон аз рӯи 14 равия миёни мардону бонувон қувваозмоӣ намуданд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқа ба гирифтани 6 медал – 1 нуқра, 5 биринҷӣ даст ёфтанд”, - иттилоъ додааст Кумита.

Манбаъ афзуд, медали нуқраро Климик Карина дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр миёни бонувон ба даст овард. Климик, ҳамучунин дар шинои тарзи парвона ба масофаи 100 метр миёни бонувон соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Чор медали дигари биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Екатерина Бордачёва дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр миёни бонувон, Гадоев Ардашер дар шинои тарзи озод ба масофаи 400 метр миёни мардҳо, Набиева Зарина дар шинои тарзи озод ба масофаи 400 метр миёни бонувон ва Хоркашов Рамзиёр дар шинои брасс ба масофаи 50 метр миёни мардҳо сазовор гардиданд.

Кумитаи миллии олимпӣ таъкид кард, ки дар ҳисоби даставӣ Русия ҷои аввал, Узбакистон мақоми дуюм, Белорус зинаи сеюмро сазовор гардиданд. Мизбони мусобиқа - Тоҷикистон ҷои чорумро ишғол намуд.

Лентаи хабарҳо
0