Қаллоб дастгир шуд: ваъда дод бар ивази 31 ҳазор доллар мӯҳлати ҷазоро кам мекунад

CC0 / Pexels / Деньги в чемодане, архивное фото
Деньги в чемодане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе марди 38-солаеро дастгир намуданд, ки дар зарфи ду соли ахир аз шахсони мухталиф барои аз маҳбас озод кардани пайвандон ва амалҳои дигари қаллобӣ беш аз ним миллион сомонӣ ба даст овардааст

ДУШАНБЕ, 22 мая – Sputnik.  Кормандони милитсияи пойтахт, марди 38-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи  Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони милитсия ошкор шудааст, ки ин мард дар зарфи ду соли ахир аз шахсони мухталиф барои аз маҳбас озод кардани пайвандон ва амалҳои дигари қаллобӣ беш аз ним миллион сомонӣ ба даст овардааст.

Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пулро гирифту хонаро насохт: дар Душанбе қаллоб дастгир шуд

Аз ҷумла, номбурда моҳи сентябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини кӯчаи Шоҳтемур даромада, аз ӯ барои кам кардани мӯҳлати ҷазои шавҳараш 31 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин, вай моҳи апрели соли 2019 ба боварии марди 35-солаи сокини кӯчаи Фирдавсӣ даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”-ро ба маблағи 210 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, аз ин маблағ 45 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 165 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки кормандони милитсия зани 40-солаи сокини шаҳри Бохтарро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Ин зан рӯзи 13-уми августи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ барои тиҷорат 59 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия нисбати мард ва зани қаллоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0