ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Ғойибов Рустамҷон Бекмуродович дар вазифаи сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд кор мекард.
Манбаъ афзуд, ки ҳангоми фаъолият дар ин мақом Ғоибов бо маслиҳати пешакӣ бо духтури Маркази саломатии №4 шаҳри Хуҷанд Дониёров И.А. дар давоми моҳҳои август-сентябри соли 2018 аз шаҳрванд “А” маблағ гирифта, ваъда додааст, ки ӯро аз хизмати ҳарбӣ озод мекунад.
Ожонс иттилоъ дод, ки Ғойибов бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои дар оянда аз хизмати ҳарбӣ озод намуданаш дар ду ҳолат маблағи 700 доллари ИМА ва 400 сомонӣ талаб карда, гирифтааст.
Манбаъ афзудааст, ки Ғойибов ва Дониёров бо ин фасодкорияшон ба шаҳрванд “А” зарари калони моддӣ расонидааст.
Ожонс таъкид намуд, ки вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Ғойибов ва Дониёров бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.