ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Бӯстонсарои Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комиловро ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии Вазири умури хориҷии кишвар ба Тоҷикистон меоянд
Ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимаи масъалаҳои Конфронси имрӯза, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосири ба амнияти кишварҳои минтақа таъсиргузор, иброз доштанд, ки танҳо ҳамгироии кишварҳо ва муборизаи муштарак имкон фароҳам меорад то ин вабои аср аз байн бурда шавад.
Раҳмон гуфт Тоҷикистон бо ҳадафҳои пасипардагии тундгароён хуб ошно ҳаст
"Вазири корҳои хориҷии Узбакистон ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани кори конфронс, пешсафии кишвари мо дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос кард",-омадааст дар хабарнома.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи боварибахш рушд карда истодааст ва ҳукумат ва мардумони ду кишвар аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.