ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Аз ҳама маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони хоҷагии қишлоқ ва хоҷагии ҷангал мегиранд, гузориш медиҳад "ТоҷикТА".
Маоши ин кормандон 548 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳама маоши зиёдро кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ ба даст меоранд.
Дар ин соҳаҳо кормандон то 3 ҳазору 167 сомонӣ маош мегирифтаанд. Нафароне, ки ба иктишофи металҳои қимматбаҳо машғуланд, ё дар сохтмон кор мекунанд, муздашон 2,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар умум, имсол ҳисоби миёнаи маош дар кишвар ҳазору сесаду панҷ сомониро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, дараҷаи маош бо ҳисоби таваррум моҳи апрели имсол назар ба соли гузашта ба 5,3 дар сад коҳиш ёфтааст.
Эъломи Бонки миллӣ дар бораи арзиши доллар, евро ва рубл барои имрӯз дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон маоши кормандон назар ба дигар кишварҳои ИДМ пасттарин ба ҳисоб меравад.
Бино бар иттилои Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ, дар соли 2018 маоши миёна дар ҷумҳурӣ то 7,5 дар сад боло рафт.