Ҷасади марди шахсияташ номаълум аз дарёи Душанбе пайдо шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевРека "Душанбинка". Архивное фото
Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дарёи Душанбе ҷасади як марди номаълумро пайдо карданд, ки феълан шахсият ва иллати маргаш мушаххас нест

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Ҷасади марди номаълум нисфирӯзи 20 июн пайдо шудааст. Тақрибан соати 12:30  ба навбатдорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз тариқи телефон дар бораи пайдо шудани ҷасади ҷавони тақрибан 25-сола  дар рӯдхонаи Душанбе хабар омад, навиштааст ТоҷикТА.

Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наҷоти се наврас аз коми мавҷҳои туфонии рӯди Сир

“Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасадро аз об берун оварданд.  Ҳуввияти ҷавон ҳанӯз муайян нашудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар мавсими гармо садҳо нафар дар Тоҷикистон ғар мешаванд. Тибқи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда танҳо соли 2018 дар кишвар ҳудуди 140 нафар ғарқ шудаанд, ки аксари онҳоро кӯдакону ҷавонон ташкил медиҳанд.

Камбуди ҷойҳои махсуси шиноварӣ яке аз сабабҳои оббозӣ кардани шаҳрвандону кӯдакон дар ҷойҳои номувофиқ арзёбӣ мешавад.

КҲФ аз шаҳрвандон пайваста даъват мекунад, ки дар ҷойҳои махсус барои шиноварӣ пешбинишуда оббозӣ кунанду кӯдаконро бе назорат нагузоранд.

Лентаи хабарҳо
0