"Пахши мустақим" - суҳбати Путин бо мардуми Русия анҷом ёфт

Обуна шудан
Барномаи "Пахши мустақим"- и суолу ҷавоб бо президенти Русия Владимир Путин санаи 20 - уми июн баргузор мегардад. Ин 17- умин барномаи мустақими раисҷумҳур бо шаҳрвандони Русия ба ҳисоб меравад.

 Барномаи "Пахши мустақим" бо ҳузури Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин санаи 20-уми июни соли 2019, соати расо 12-и ба вақти маҳаллӣ шурӯъ  шуд. Ин 17-умин барномаи суолу ҷавоби шаҳрвандони Русия бо Владимир Путин аст. 

Президенти Русия Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Натоиҷи “муколамаҳои мустақим” бо Владимир Путин

Маротибаи нахустини барномаи "Пахши мустақим" 24-уми декабри соли 2001 ба роҳ монда шуд. Он замон ҷараёни барномаи мустақимро ду шабакаи телевизиони давлатӣ яке ОРТ(ки баъдан ба Шабакаи аввал табдили ном кард) ва дигаре РТР пахш намуданд. Владимир Путин дар барномаи нахустин ба 47 саволи шаҳрвандон посух гуфт. Барнома бошад 2 соату 20 даққиқа давом кард.

Дар таърихи барномаи мустақими суолу ҷавоб бо Путин, 11-умин барнома, ки 25-уми апрели соли 2013 пахш гардид, ҳамчун рекордӣ ҳисобида мешавад. Он замон Путин бо шаҳрвандони Русия давоми 4 соату 47 даққиқа сӯҳбатҳо анҷом дода буд.

Шумораи муроҷиатҳо ба раисҷумҳури Русия бошад, марзи як миллион ададро убур кардаанд. Путин дар рафти ин барнома, як соли нахустини даври саввуми раисҷумҳурии худро ҷамъбаст намуд.

Путин гуфт, ки низоми гирифтани шаҳрвандии Русия осон шавад

Дар барномаи "Пахши мустақим" бо президент Путин, дилхоҳ шаҳрвандони дар қаламрави Русия ва ҳатто хориҷ аз он ҳам метавонанд, суолу пурсишҳои худро тариқи паёмак, тамоси телефонӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол намоянд.

То оғози барномаи мустақим суолхои муроҷиаткунандагон аз суйи марказҳои махсуси санҷишӣ  мавриди назорат қарор мегиранд. Гуфта мешавад марказҳои санҷишӣ имкон доранд, ҳудуди миллион адад муроҷиатро мавриди назар қарор диханд.

Алъон шумораи муроҷиаткунандагон, аллакай аз марзи миллион нафар гузаштааст. Онҳо бевосита дар барномаи мустақим ширкат ва суолгузорӣ мекунанд.

Прямая линия с президентом России Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Путин: ман ҳам ба корҳои кардаам механдам

Чун солҳои пеш, дар рафти "Пахши мустақим" ба робитаи омм, вазирони федеролӣ ва раисони минтақаҳо низ баромада, арзу доди шаҳрвандонро гӯш мекунанд.

Аслан зарурати баромади онҳо замоне сурат мегирад, ки қаблан доди мардумро онҳо шунидаанд, вале ба мушкили шаҳрвандон расидагӣ накардаанд.

Шӯхии Путин дар бораи мурғ, пул ва ҷойи кораш - Навор

Аксари шаҳрвандон муроҷиатҳои худро тариқи видео ба навор мегиранд ва ба президент Путин ирсол медоранд. Наворҳои ирсолшуда, аслан аз манотиқҳои дурдасти Русия фиристода мешаванд.

Шаҳрвандон, валонгор будани роҳу купрукҳо, шароити бади беморхонаҳо, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани манзилҳои зисташон ва ба ҳамин монанд наворҳоро бардошта ба барномаи мустақими гуфтугӯ бо раисҷумҳур мефиристанд.

Ман ҷиддӣ мегӯяму шумо механдед: посухи Путин дар бораи Зеленский ҳамаро хандонд - Видео

Ҳамасола Владимир Путин раисҷумҳури Русия бо шаҳрвандони кишвараш барномаи мустақими суолу ҷавоб доир мекунад, ва ҷараёни онро телевизионҳо ва радиои давлатӣ  пахш мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0