ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни сӯҳбат бо мардум тариқи телевизион гуфт, зиёд ба корҳои кардааш, механдад.
Рӯзноманигоре аз раисҷумҳур пурсид, ки оё мешаванд ҳолатҳое, ки раисҷумҳур ҳам ба кори кардааш бихандад.
"Бале, ҳолатҳои зиёде мешавад, ки амали кардаам ба назарам хандаовар менамояд",- посух дод Путин.
Ҳамчунин аз Путин пурсиданд, ки оё мешаванд ҳолатҳое, ки ӯ чӣ кор карданашро намедонад.
Вай афзуд, ки ҳамеша роҳи ҳалли мушкилиро меҷӯяд ва кушиш мекунад, ки дар ҳолатҳои мушкил фикру андешаи устувор дошта бошад.
"Агар донед, ронандаҳо як тартиби махсуси худро доранд, — "то аз худ боварӣ надошта бошӣ, ба пойга набаро". Иштибоҳ барои нафароне, ки ҳамкасби ман ҳастанд, гарон меафтад. Агар ман чӣ кор карданамро надонам, кӯшиш мекунам, ки ба ҳар ҳол роҳи ҳалли мушкилиро пайдо кунам ва қароре қабул кунам, ки лозим ва мақсаднок аст",- гуфт вай.
Мусоҳибаи ҳамасолаи раисҷумҳури Русия Владимир Путин тариқи пахши мустақим имсол наздики 4 соат давом кард.
Пахши мустақимро "Шабакаи аввал" "Россия 1", "Россия 24", "ОРТ", роидио "Маяк", "Вести FM" ва "Родиои Русия" пахш карданд.