ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар рафти мулоқоти мустақим бо сокинони кишвараш се мушкилии асосии соҳаи тандурустии Русияро номбар кард.
Ба гуфтаи вай, машкилиҳои асосӣ ин - дастрасии ёрии аваали тиббӣ, камбудии кадрҳо ва таъмини доруворӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, президент таъкид кард, ки новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда соҳаи тандурустӣ дар кишвар рушд мекунад.
Ба гуфтаи Путин, масъалаи васеъ кардани нуқтаҳои фелдшерӣ баррасӣ мешавад. Аз ҷумла, дар Русия ба нақша гирифта шудааст, ки 390 маркази тиббӣ сохта, 1,2 ҳазор марказро аз таъмири куллӣ барорад.
Раисҷумҳур аз масъулин даъват кард, ки соҳаи тандурустиро дар деҳот тақвият бахшанд ва аҳолиро бо дорувориҳои зарурӣ таъмин кунанд.
Путин таъкид кард, ки дар бархе аз минтақаҳои Русия таъмини ройгони доруворӣ бисёр хуб ба роҳ монда шудааст.