Гумерова: аксари омӯзгорони рус мехоҳанд дар Тоҷикистон бимонанд

Обуна шудан
Омӯзгорони русе, ки давоми як сол дар макотибҳои Тоҷикистон дарс мегуфтанду баъд аз анҷом ёфтани соли хониш ба ватани худ баргаштанд, хоҳиши дигарбора баргаштанро намуданд.

ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Бештари омӯзгорони рус, ки давоми сол дар макотибҳои Тоҷикистон дарс мегуфтанд, хоҳиши давом додани шуғлашон дар ин кишварро иброз намуданд.

Школьники Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Нақли омӯзгорони рус дар бораи моҳҳои аввали кор дар Тоҷикистон

Дар  ин бора  Лилия Гумерова муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия Русия аз Бошқирдистон доир ба илм, маориф ва фарҳанги хабар дод.

Дар  Тоҷикистон соли хониш ба анҷом расид ва омӯзгорони рус ба ватан баргаштанд. Аммо аксари онҳо тасмим доранд то оғози соли хониш дубора ба Тоҷикистон баргарданд ва ба фаъолияти худ оғоз намоянд.

"Беш аз 50 дарсади омӯзгорони рус тасмим доранд, дар ин лоиҳа бимонанд. Онҳо мехоҳанд фаъолияти омӯзгорияшонро дар макотибҳои Тоҷикистон давом диҳанд’’, таъкид намуд Гумерова ба Sputnik Таджикистан.

Омӯзгороне, ки ба ватани худ баргаштанд, метавонанд дубора дар ҷойҳои кории қаблиашон фаъолдияти худро идома диҳанд. Кафолати иҷтимоӣ ва таҷрибаи кории онҳо ҳифз карда мешавад, таъкид дошт муовини раис.

Дар давоми як  соли хониш Комиссияи Шурои Федератсия ба Тоҷикистон ба хотири баҳо додан ба шароити зисти омӯзгорони рус сафар намуданд>>.

Мансабдорони рус одат намудани омӯзгорон дар ҷойи на ва то чӣ андоза аз тарафи мақомот ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавадро озмоиш карданд.

"Ба омӯзгорони рус таваҷҷӯҳи бисёр аст. Ҳамаи муаллимон бар инанд, ки онҳоро бисёр хуб пазироӣ карданд, миёнашон ҳамдигарфаҳмии зиёд аст ва инчунин толибилмони тоҷик бо як шавқу ҳаваси калон забони русиро меомӯзанд", - гуфт Гумерова.

Ба ақидаи вай таваҷҷӯҳи дигар давлатҳо низ ба лоиҳаи андӯхтани забони русӣ баръало ҳис мешавад.

Половинкина Екатерина Сергеевна, омӯзгори рус дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Бим доштам, лекин қоил карданд: суҳбати омӯзгори рус баъди 1 соли кор дар Хуҷанд

"Ба фикри ман ин яке аз муваффақтарин лоиҳа ба ҳисоб меравад. Алъон бештари давлатҳои ИДМ ба монанди Қирғизистон ба мо пешниҳоди ба роҳ мондани ин лоиҳаро дар кишварҳои худ ироа карданд. Мо ҳам чунин пешниҳодҳоро мавриди баррасӣ қарор додем, илова намуд ", - Гумерова.

Муовини раис ҳамчунин таъкид намуд, ки хонандагони тоҷик кушиш мекарданд ба мактабҳо ва синфҳое, ки  омӯзгорони рус таълим медоданд дохил шаванд.

Маврид ба  зикр аст, ки тирамоҳи соли гузашта 48 омӯзгор аз манотиқҳои гунонуни Русия ба Тоҷикистон омаданд. Онҳоро миёни 20 макотиби шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон тақсим намуданд.

Лоиҳаи башардӯстонаи Русия ва Тоҷикистон давоми ду сол аст, ки  фаъолият мекунад ва ҳамчунин миёни кишварҳои ИДМ низ аҳамияти хос пайдо кардааст.

Лентаи хабарҳо
0