Пешниҳоди Нуриддин Саид: омӯзиши забони русиву англисӣ бояд аз синфи як роҳандозӣ шавад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкУчебники для русскоязычных школ в Российско-Таджикском (славянском) университете.
Учебники для русскоязычных школ в Российско-Таджикском (славянском) университете. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон барон аст, ки мактаббачаҳо бояд ба омӯзиши забони русӣ ва англиси аз як шурӯъ кунанд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Қарор аст, дар мактабҳои Тоҷикистон аз синфи як барномаи омӯзиши забони русӣ ва англисиро ба роҳ монанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

В 201-й военной базе в Душанбе открыт детский сад Радуга - Sputnik Тоҷикистон
Дар кӯдакистонҳои Русия фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро забони русӣ меомузонанд

Ин масъала ахиран дар Вазорати маорифи Тоҷикистон зимни баррасии масълаи стратегияи рушди маорифи кишвар барои солҳои 2021-2030 муҳокима гардид.

Нуриддин Саид, вазири маорифи кишвар инчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили соҳаи маориф ҷалб намуд. Вай таъкид намуд, ки мактабҳо бояд бо равоншиносон, омӯзгрони варзиш ва омодагии дифоӣ таъмин бошанд.

Инчунин, ба гуфтаи вазир тамоми мактабҳои кишвар дар оянда бояд акредетатсияи байналмилалӣ гузаранд.  

Ёдарс мешавем, ки қаблан Нуриддин Саид ваъда дода буд, ки дар Русия барои кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ мактабҳои якшанбегӣ ташкил карда мешавад. Вай ҳамчунин зикр намуд буд, ки мактабҳо дар Русия дар ҷойҳое сохта мешаванд, ки дар онҷо ҳузури муҳоҷирони тоҷик зиёд ба назар мерасад.      

Лентаи хабарҳо
0