ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Вазорати маорифи Русия тасмим гирифтааст, кормандони кӯдакистонҳое, ки дар он фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро забони русӣ меомӯзанд, такмили ихтисос диҳад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
Омӯзгороне, ки такмили ихтисос мегузаранд метавонанд сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро беҳтар намоянд, ба болобурдани сатҳи дониши онҳо кумак намоянд.
Вазорати маорифи Русия ҳатто барои омода намудани омӯзгорон озмун эълон намудааст. Мақсади асосии озмуни мазкур таҳияи ва ҷори намудани моделҳои такмили ихтисос ва омода намудани репетитор барои таъмини ин иқдом, будааст.
“Ин иқдом имкон медиҳад донишомӯзиро бо забони русӣ қавитар намояд. Қарор аст, ҷамъбасти фаъолият дар ин самт то охири соли равон пешниҳод шавад”, - илдова намудааст вазорат.
Ёдрас мешавем, ки қаблан вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид эълон карда буд, ки Русия тасмим дорад барои фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ 5-6 мактабҳои якшанбегӣ ифтитоҳ намояд. Вай инчунин таъкид намуда буд, ки дар ҳоли ҳозир алакай дар Маскав ва Челябинск ин гуна мактабҳо фаъолият доранд. ин мактабҳо бо кумаки ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия ташкил карда шудаанд.