Соли оянда Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолиро баргузор мекунад

© Sputnik / Михаил Мокрушин / Гузариш ба медиабонкВсероссийская перепись населения 2010
Всероссийская перепись населения 2010 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вобаста ба барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тавре Ожонсии омори Тоҷикистон хабар додааст соли 2020 дар Тоҷикистон, барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор карда мешавад. Вобаста ба ин маъракаи муҳим бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, Ожонсии омори дар ҳамкорӣ бо идораи минтақавии Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНФПА)  машғулияти  омӯзишии 10 –рӯзаро доир ба  истифодаи таҷҳизоти мобилӣ барои  ҷамъоварии маълумот бо дастрасии маҷмӯи барномаҳои CSPro дар платформаи Android  оғоз намуд.

Новорожденный мальчик - Sputnik Тоҷикистон
СММ ҳисоб кард, ки то соли 2100 аҳолии Тоҷикистон ба чанд миллион мерасад

“Даври омӯзишӣ аз 17 то 27 июни соли равон  гузаронида мешавад. Ин машғулият дар доираи омодагии давлатҳои Аврупои шарқию Осиёи Миёна ба марҳилаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ  дар солҳои 2019-2022 ба нақша гирифта шудааст. Ба он  дар баробари 10 нафар кормандони мақомоти омори Тоҷикистон, ҳамчунин мутахассисони мақомоти омори ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Узбакистон даъват шудаанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Низоми CSPro (Census Processing Sistem – низоми коркарди маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва таҳқиқотҳо) – ин маҷмӯи барномаҳои истифодаи умум барои воридкунии маълумот, коркард, тайёр кардани ҷадвалҳои бароришӣ,  дастрас намудани маълумоти барӯйхатгирӣ ва таҳқиқотҳо  мебошад.

Бояд гуфт, ки  даври омӯзишӣ  бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфузи СММ ва кумаки техникии Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Мутахассисони дар  омӯзиш  иштирокдошта  дониши гирифтаи худро дар корҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии навбатӣ ва таҳқиқотҳои дар давлати худ гузаронидашаванда, бо истифодаи таҷҳизоти мобилӣ истифода менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0