ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид муайян намуданд, ки аҳолии Тоҷикистон то чӣ андоза тағйир хоҳад ёфт.
Тибқи дурнамои СММ то соли 2100 аҳолии ҷумҳурӣ 2,5 баробар зиёд шуда ба беш аз 25 миллион мерасад.
Дар ҳамин ҳол то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон ба 12 миллион нафар ва дар соли 2040 ба 14 миллион нафар хоҳад расид.
Таъкид шудааст, ки аҳолии Тоҷикистон дар соли 2100 ба ҳисоби миёна метавонад ҳадди ақал 15 миллион ва ҳадди аксар то 45 миллион нафарро ташкил диҳад.
Тоҷикистон аз ҷиҳати сатҳи афзоиши аҳолӣ дар ОМ дар ҷои якум аст
СММ илова намудааст, ки омори Тоҷикистон тибқи модули Байесовский таҳия гардидааст, ки асоси онро қазияи Байес ташкил медиҳад.