ДУШАНБЕ, 18 июня — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки дар аввалин мулоқоташ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия сӯҳбаташро аз чӣ оғоз хоҳад кард.
"Дар аввалин мулоқотатон бо Путин чӣ мегӯед?", - пурсиданд рӯзноманигорон аз президенти Украина.
"Аз он оғоз мекунам, ки Донбасс ва Қрим - ҳудудҳои Украина ҳастанд", - гуфт раисҷумҳур.
Вай афзудааст, ки барояш Қрим то абад Украина мемонад.
Ҳамчунин Зеленский гуфтааст, ки "мақсад - ба даст овардани сулҳ бо роҳи дипломатӣ дар Украина аст".
"Феълан мо ба протоколи Минск эътимод дорем. Умед дорем, ки ин қарори қатъист. Мо аз нав онро фаъол месозем, то дар бораи ваҳдат ва озод кардани маҳбусон ба тавофуқ оем. Аммо наметавонем, 5 соли дигар интизор шавем. Зеро украиниҳо ҳар рӯз ҳалок мешаванд", - таъкид дошт вай.
Ёдрас мешавем, муносибатҳои Русияву Украина пас аз табаддулоти соли 2014 дар кишвар муташанниҷ шуд.
Шонздаҳуми март дар Қрим референдуми ҳамроҳшавии минтақа ба Русия баргузор шуд. Дар натиҷа 97 дар сади сокинон ҷонибдори ҳамроҳшавӣ ба Русия шуданд.
Пас аз ин Ғарб Русияро ба дахолати корҳои Украина муттаҳам кард ва таҳримҳо ҷорӣ намуд. Маскав ин иттиҳомотро рад мекунад.
Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо телевизиони "Мир" изҳори умедворӣ карда буд, ки муносибатҳои Укринаву Русия барқарор мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи котиби Кремл Дмитрий Песков, Путин феълан нақшаи мулоқот бо Зеленскийро надорад.