Ман ҷиддӣ мегӯяму шумо механдед: посухи Путин дар бораи Зеленский ҳамаро хандонд - Видео

© REUTERS \ MAXIM SHEMETOVПрезидент РФ В. Путин на Петербургском международном экономическом форуме
Президент РФ В. Путин на Петербургском международном экономическом форуме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин дар Форуми иқтисодии байналмилалии Петербург бо саволи эҳтимоли ҳамкорӣ бо президенти Украина Владимир Зеленский посух дод

ДУШАНБЕ, 8 ИЮН — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин изҳори умедворӣ кард, ки бо раисҷумҳури нави Украина замоне шинос мешавад ва афзуд, ки ӯ актёри хуб асту аммо нақш бозидан аз дар ҳаёт татбиқ кардани он фарқ мекунад.

"Ман ӯро намешиносам ва умед мекунам, ки замоне шинос мешавем. Ба фикри ман, вай дар соҳае, ки то президент шуданаш фаъолият мебурд, мутахассиси хуб аст - ӯ актёри хуб аст", - гуфт Путин дар рафти Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург дар посух ба суоли имконияти ҳамкориҳо бо раисҷумҳури Украина.

Толор ин гутфаҳои Путинро бо қарсак ва ханда қабул кард, менависад РИА Новости.

"Ман ҷиддӣ мегӯяму шумо механдед", - қайд кардааст Путин бо табассум.

Президент гуфтааст, ки барои бозӣ истеъдод лозим аст.

"Нақш бозидан бе муҳобот истеъдод аст. Ту дар ҳар як дақиқа метавонӣ, чеҳраи дигаре бисозӣ - ҷое шоҳу ҷое гадо мешавӣ. Агар ту нақшро боисрор бозида тавонистӣ, пас дар ҳақиқат истеъдод дорӣ. Лекин барои машғул шудан бо корҳои давлат дигар сифатҳо лозиманд", - таъкид дошт Путин.

Владимир Зеленский ҳунарманди украинӣ аз 20 май ба сари курсии президентӣ нишаст. Ӯ дар ду даври интихобот пирӯз шуд ва раисҷумҳури пешини Украинаро Петр Порошенкоро иваз кард.

Лентаи хабарҳо
0