ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар доираи ҷаласаи 15-уми Иттиҳоди Байнибонкии (ИББ) Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) бонкҳои Тоҷикистону Белорус ва Қирғизистон созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти “Амонатбонк”.
Бино бар иттилои манбаъ, санадҳои ҳамкориро раиси Раёсати “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ раиси Раёсати “Беларусбонк” Виктор Ананич ва раиси Раёсати “РСК БОНК”-и Қирғизистон Азизбек Оморкулов имзо намуданд.
Тавре манбаъ қайд намудааст, созишномаҳои баимзорасида барои тақвияти густариши ҳамкории байнибонкии кишварҳои аъзои ИББ СҲШ нақши муассир мегузоранд.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи 15-уми ИББ СҲШ раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо раиси “Беларусбанк” Виктор Ананич вохӯрӣ намуда, дар он масоили густариши ҳамкории муштарак байни “Амонатбонк” ва “Беларусбонк”-ро баррасӣ намуданд.
Тавре манбаъ зикр намудааст, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари мулоқот қарор дошт, ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ миёни бонкҳо, ҳамзамон табодули таҷрибаи тарафайн, такмили дониши мутахассисон дар марказҳои таълимии “Беларусбанк” ба шумор мерафт.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки чунин ҳамкориҳо ҷиҳати ҷалби сармоя ва баланд бардоштани дониши мутахассисони соҳа саривақтӣ буда, барои соҳибкорони ватанӣ, низ дар самти воридот ва содирот намудани молу маҳсулот манфиатовар мебошад.
Ёдрас мешавем, ки Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” узви Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай буда, ҳамасола дар ҷаласаҳои он иштирок менамояд.