Тасвиби тағйироти кадрӣ: аз бемории Акрамов то мақоми нави Ҳаким Рухшона Аскар

© Sputnik / Михаил ПалинчакПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зариф Ализода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ҳафтаи равон зимни ҷаласаи Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон барои тағйироти кадрӣ дар Додгоҳи олиро муаррифӣ намуда, аъзои парлумон ҷонибдорӣ карданд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Акрамов Аҳтам Маҳрамовичро аз вазифаи додраси Додгоҳи олӣ бозхонд кард. Котиботи раисиҷумҳур далели бозхонд намудани Акрамовро ба бемории тӯлонияш рабт дода буд, ки “бо сабаби вазъи саломатӣ муддати дароз вазифаҳои худро иҷро карда натавонист”.

Президента Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон полковникро сабукдӯш карду ба сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон вазифаи нав дод

Инчунин бо ҷонибдории аъзои парлумон Лутфуллозода Шавкат аз вазифаи додраси Додгоҳи олӣ бозхонд шуда, муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон таъин гардид.

Давлатзода Хусрав Лутфулло, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе барканор шуд, бо ҷонибдории Маҷлиси миллӣ додраси Додгоҳи олӣ интихоб шуд.

Раҳмонзода Маҳмад Шариф, собиқ додраси додгоҳи шаҳри Душанбе додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҳаким Рухшона Аскар, ки 11 июни соли равон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди шаҳри Душанбе озод шуда буд, бо ҷонибдории Маҷлиси миллӣ додраси нави Додгоҳи олии Тоҷикистон интихоб гардид.

Лентаи хабарҳо
0