ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар бо фаъолон, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мудирони муассисаҳои таълимии ҷамъоати Навободи ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ин бора сухангӯи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ оиди мушкилотҳои ҷойдошта аз ҷумла таьмир намудани муассисаҳои таълимӣ, чароғонкунии маркази ҷамоат, ба таъмир ниёз доштани касалхонаи ҷамоат ва дигар пешниҳодҳо дар самти фаъолият ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ дар ҷамъоатро ба роҳбарияти вилоят баррасӣ намуданд.
Ёдгор Файзов гуфт, ки ҳамаи пешниҳодҳои қобили қабул ҳаст.
"Ҷамоати Навобод яке аз пешрафтатарин ҷамоат дар ноҳияи Шуғнон мебошад. Барои амалӣ намудани ҳамаи дархостҳои пешниҳод гардида, вақт ва заҳмати ду тарафа, ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва вилоят зарур мебошад",-гуфт раиси вилоят.