Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ Ҷинпинро ба Чин гусел карданд

© Котиботи раисиҷумҳурАнҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон
Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба хотири гусели раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин майдони фурудгоҳ идона ороста шуда буд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гусели раиси Ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид.

Ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, ба хотири гусели меҳмони воломақом майдони фурудгоҳ идона ороста шуда буд.

Қабл аз маросими гусел дар толори пазироии меҳмонон мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин доир гашт.

© пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон проводил Си Цзиньпина в аэропорту Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ Ҷинпинро ба Чин гусел карданд - Sputnik Тоҷикистон
Рахмон проводил Си Цзиньпина в аэропорту Душанбе

Ҷинпинро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Председатель КНР Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ситоиши Ҷинпин аз инсондӯстӣ ва хайрхоҳии Раҳмон ва мардуми тоҷик

Ёдовар мешавем, ки раиси Ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин аз 14 то 16 июн бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе қарор дошт.

Дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз руи натиҷаи мулоқоту музокирот дар маҷмуъ 18 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Чин заминаҳои мусоидро фароҳам овард.

Лентаи хабарҳо
0