Аз Талко то лиму ва интернет: масоили ҳалношуда ва созишҳои Раҳмону Ҷинпин

© Официальный сайт ТАЛКОТаджикский алюминиевый завод, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт дар мулоқот бо Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин масъалаи навсозии “Талко” ва сохтмони Маркази барқи ҳароратии 600-мегаваттаи “Фон-Яғноб”-ро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раҳмон дар ҷамъбасти натиҷаҳои музокирот бо Ҷинпин дар Душанбе гуфт, ҷониби Тоҷикистон  аҳамияти ҳарчи зудтар ба истифода додани навбати аввали Корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсолии 600 ҳазор тонна дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва оғози корҳои марбут ба татбиқи марҳалаҳои навбатии лоиҳаи маҷмааи нассоҷии “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”-ро баён дошт.

Российское мороженое, ваза и торт: Путин поздравил Си Цзиньпина c днём рождения - Sputnik Тоҷикистон
66-солагии Ҷинпин: яхмоси Путин ва меҳмондории Ҷинпин бо меваҳои тоҷикӣ-видео

“Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони Маркази барқи ҳароратии 600-мегаваттаи “Фон-Яғноб” ва навсозии заводи алюминий  “Талко”-ро таъкид кард”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷузъиёти масоили ҳалношуда вобаста ба навсозии “Талко” ва маркази барқи ҳароратии “Фон-Яғноб”-ро Эмомалӣ Раҳмон баён накардааст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон ширкати давлатии Чин – “China Machinary Engineering Corporation”, CMEC изҳор дошта буд, ки пас аз иҷрои шартҳои муайян аз ҷониби Тоҷикистон ба татбиқи навсозии корхонаи Талко бо арзиши ҳудуди 545 миллион доллар оғоз хоҳад кард. Аммо шартҳои иҷрои ин тарҳро ширкати чинӣ ироа накардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон посетил Международную выставку садоводства в Пекине ЭКСПО-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Сайёҳати Раҳмон ва ҳамтоёнаш дар “Ҳаёти сабз”-и Пекин-акс

Дар ҳамин дар пайи музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷинпин дар ҳузурашон дар маҷмуъ 18 санад, аз ҷумла 5 санади тиҷоратӣ ба имзо расиданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар феҳрасти санадҳои имзошуда аз ҷумла ном бурдааст:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи кӯмаки бебозгашт;

Протоколи талаботи фитосанитарӣ барои содироти лимӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишномаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии  Чин оид ба ҳамкории илмӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсис додани  Гурӯҳи  кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ;

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон шумораи миллиардҳои додаи Чин, сирри рушд ва интизориҳо аз сафар ба Пекинро гуфт

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021.

Котиботи Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки инчунин Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ дар мавриди мубодилаи иттилоот, инчунин созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи филмбардорӣ, дар бораи  ташкили пойгоҳи коркарди фулузоти нодир, қиматбаҳо ва ранга, дар бораи Барномаи интернет платформаи усули назорати сифат, дар бораи лоиҳакашӣ, таъмин, насб, роҳбарӣ, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот барои коргоҳи сементбарорӣ ва дар бораи таъсиси ширкати муштарак ва сохтмони объекти коркарди металлургияи ранга дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0