Ҳама ниюшаи хоҷа...:Си Ҷинпин аз ашъори Рӯдакӣ байт хонд - Видео

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПредседатель Китайской народной республики (КНР) Си Цзиньпин
Председатель Китайской народной республики (КНР) Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Чин Си Ҷинпин дар рафти нишасти МҲТБО дар Душанбе аз ашъори шоири шаҳири форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ байт хонд: Ҳама ниюшаи хоҷа ба накӯию ба сулҳ аст, Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост. Ӯ таъкид намуд, ки Чин доим ҷонибдори сулҳ буд ва мемонад

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Роҳбари ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дар рафти Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварии Осиё дар Душанбе суханронӣ намуд ва ҳангоми таъкид ба сулҳу дӯстӣ аз ашъори шоири шаҳири форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ иқтибос овард: Ҳама ниюшаи хоҷа ба накӯию ба сулҳ аст, Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

"Шоири бузурги тоҷик Рӯдакӣ гуфта буд: Ҳама ниюшаи хоҷа ба накӯию ба сулҳ аст, Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост. Мо омодаем бо ҳамтоёнамон аз сулҳу субот ва рушд дар Осиё ва тамоми ҷаҳон ҷонибдорӣ кунем", - гуфт вай.

Ӯ қайд кард, ки Чин доим ҷонибдори сулҳ дар ҷаҳон буду мемонад.

Ҷинпин таъкид бар он кард, ки баҳсҳои тиҷоратиро бояд дар асоси машварат ҳал кард ва ҳуқуқҳои ҳамаи ҷонибҳоро ба назар гирифт.

Вай афзуд, ки кӯшиши Пекин дар танзими баҳсҳои минтақавӣ бо роҳи сулҳ ва ҳазфи таниш дар нуқот аз тарқи гуфтугӯ аст.

"Мо бояд якҷо, даст ба даст ба таҳдидҳо вокуниш нишон диҳем ва дар амнияту рушди Осиё шароити наверо фароҳам оварем. Бунёди муҳити эҳтироми мутақобил дар Осиё мақсади муштараки мост", - гуфт Си Ҷинпин.

Лентаи хабарҳо
0