Писанди ҳамагон шуд: тавсифи котиботи президент аз меҳмоннавозии Раҳмон - акс

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон шоми 14 июн дар бӯстонсарои шаҳрдории Душанбе дар Варзоб барои меҳмонон шоми дӯстӣ баргузор карда, шахсан меҳмонони воломақомро бо фарҳанг, расму оин ва табиати Тоҷикистон шинос кард

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз шоми дӯстии шоми 14 июн дар бӯстонсарои шаҳрдории Душанбе дар Варзоб бо иштироки чанде аз сарони кишварҳои иштирокдори саммити бузург дар Душанбе гузориш дода, аз меҳмоннавозии президенти Тоҷикистон тавсиф намудааст.

Дар ин шом сарони Русия, Узбакистон Қазоқистон, Бангладеш, раиси ҳукумати Афғонистон ва дигарон иштирок доштанду худи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро раҳнамоӣ карда, бо фарҳанг, расму оин ва табиати Тоҷикистон шинос мекард.

Дар ин шом бӯстонсарой махсусан зебо буд: полизҳо пур аз меваҷоту кулчаву самбӯса ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар як тараф ҳайвонҳои нодири кишвар муаррифӣ мегардиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ин шом барои  сарони кишварҳо писанд омадааст.

" Эмомалӣ Раҳмон одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд", - таъкид мекунад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд, афзудааст манбаъ.

Рафти ин шоми зеборо аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон пайгирӣ кунед.

© пресс-служба президента ТаджикистанаРаисҷумҳури Тоҷикистон шахсан меҳмонони воломақомро бо фарҳанг, расму оин ва табиати Тоҷикистон шинос кард
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
1/11
Раисҷумҳури Тоҷикистон шахсан меҳмонони воломақомро бо фарҳанг, расму оин ва табиати Тоҷикистон шинос кард
© пресс-служба президента ТаджикистанаДар ин шом бӯстонсарой махсусан зебо буд: полизҳо пур аз меваҷоту кулчаву самбӯса ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар як тараф ҳайвонҳои нодири кишвар муаррифӣ мегардиданд.
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
2/11
Дар ин шом бӯстонсарой махсусан зебо буд: полизҳо пур аз меваҷоту кулчаву самбӯса ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар як тараф ҳайвонҳои нодири кишвар муаррифӣ мегардиданд.
© пресс-служба президента ТаджикистанаДар ин шом сарони Русия, Узбакистон Қазоқистон, Бангладеш, раиси ҳукумати Афғонистон ва дигарон иштирок доштанд
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
3/11
Дар ин шом сарони Русия, Узбакистон Қазоқистон, Бангладеш, раиси ҳукумати Афғонистон ва дигарон иштирок доштанд
© пресс-служба президента ТаджикистанаБа иттилои адфтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ин шом барои сарони кишварҳо писанд омадааст.
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
4/11
Ба иттилои адфтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ин шом барои сарони кишварҳо писанд омадааст.
© пресс-служба президента Таджикистана" Эмомалӣ Раҳмон одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд", - таъкид мекунад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
5/11
" Эмомалӣ Раҳмон одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд", - таъкид мекунад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
© пресс-служба президента ТаджикистанаШоми дӯстӣ дар бӯстонсарои шаҳрдории Душанбе дар Варзоб баргузор шуд
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
6/11
Шоми дӯстӣ дар бӯстонсарои шаҳрдории Душанбе дар Варзоб баргузор шуд
© пресс-служба президента ТаджикистанаБа меҳмонон расму оинҳои мардуми тоҷик низ муаррифӣ гардид
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
7/11
Ба меҳмонон расму оинҳои мардуми тоҷик низ муаррифӣ гардид
© пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд, афзудааст манбаъ.
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
8/11
Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд, афзудааст манбаъ.
© пресс-служба президента ТаджикистанаДар ин шом мулоқоти самимии роҳбарони кишварҳо дар табибати зебо сурат гирифт
Вечер Дружбы в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
9/11
Дар ин шом мулоқоти самимии роҳбарони кишварҳо дар табибати зебо сурат гирифт
© пресс-служба президента ТаджикистанаМеҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
10/11
Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст
© пресс-служба президента ТаджикистанаМеҳмонони олимақом дар бӯстонсарои беруназшаҳрӣ гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд
Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
11/11
Меҳмонони олимақом дар бӯстонсарои беруназшаҳрӣ гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд
Лентаи хабарҳо
0