Нигаронии ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти печидаи Афғонистон

© Sputnik / Амир ИсаевЭмомали Рахмон на саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии (СВМДА)
Эмомали Рахмон на саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии (СВМДА) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ гуна метавон қазияи Афғонистонро ҳал кард

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Вазъияти печидаи Афғонистони ҳамсоя низ боиси нигаронии ҷиддии мо гардидааст,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нишасти нишасти сарони давлатҳои аъзои Машварати  ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ  дар Осиё, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид.

Раисиҷумҳури Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли қазияи Афғонитонро ҳал дар андешидани чораҳои самарабахш аз ҷониби кишварҳои узви МҲТБО медонад.

"Андешидани чораҳои самарабахш ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои аъзои МҲТБО дар ин ҷода метавонанд ба ҳалли қазияи Афғонистон мусоидати воқеӣ намоянд",-бовар дорад раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди Раҳмон ба СҲШ: ташкили маркази ягонаи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир

Дар ин зимн, мусоидат ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар доираи панҷ ченаки Машварат метавонад нақши муҳим дошта бошад,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳама ниюшаи хоҷа...:Си Ҷинпин аз ашъори Рӯдакӣ байт хонд - Видео

Эмомалӣ Раҳмон таҳкими ҳамкории иқтисодиро раванди расидан ба рушди ҳадафҳои устувор медонад.

Путин: кишварҳои узви МҲТБО бояд ба корҳои дохилии якдигар дахолат накунанд

"Ба таври пурра мавриди истифода қарор гирифтани иқтидори транзитии минтақа тавассути тезонидани раванди азнавсозӣ ва сохтмони инфрасохтори нави коммуникатсионӣ ҷавобгӯи манфиатҳои умумии мо мебошад",-гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти МҲТБО.

Лентаи хабарҳо
0