Даҳшат: куштори ваҳшиёнаи писараки 14-сола аз ҷониби ноболиғи дигар

© Flickr \ VictorНаручники
Наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯро бо санг чанд маротиба ба сар, ҷоғ ва тамоми узвҳои баданаш зада, сипас ба чуқурии бетонӣ партофтааст

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз куштори ваҳшатбори хонандаи синфи 7 дар ҳудуди "Пансиати муолиҷавии Қаратоғ" хабар додааст: наврасе навраси дигареро бо санг чунон задаву ба чуқурӣ партофтааст, ки ахирон ба ҳалокат расидааст.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини маҳаллаи Шарифободи ноҳияи Шаҳринав ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд", - менависад манбаъ.

Номбурда, рӯзи 5-уми майи соли 2019, тахминан соати 16:00-дақиқа, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, дар ҳудуди “Пансионати муолиҷавии Қаратоғ”, бо ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, ҷангу ҷанҷол намуда, бо санг чанд маротиба ба сар, ҷоғ ва тамоми узвҳои бадани номбурда зада, ӯро ба чуқурии бетонӣ партофтааст.

Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0