Ҳавопаймои президентҳо: кӣ бо кадоме ба Бишкек парвоз кард?

Обуна шудан
Роҳбарони давлатҳо ва сарвазирони кишвархои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҷиҳати иштирок дар кори ин созмон ба Бишкек ташриф оварданд

Ҷихати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои увзи Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони давлатҳои увз ва ташкилоҳои назорати ба Бишкек сафар карданд.

Дар фурудгоҳи"Манас" ба пешвози роҳбарони баландмақоми давлатҳои узви ин созмон аъзоёни ҳукумати Қиргизистон баромаданд. Дар умум дар пойтахти Қирғистон  даҳ президенти кишварҳои узв ва ду сарвазир меҳмон гаштанд.

Прилет президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Москву - Sputnik Тоҷикистон
Субҳи барвақт раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бишкек сафар кард

 Sputnik Қирғизистон дар бораи ҳавопаймоҳое гузориш омода кардааст, ки бо он сарони кишварҳо вориди Бишкек шуданд.

 Тавре маълум гардид, аз ҳама маъмултарин тайёра, ки роҳбарони давлатро интиқол медод, ин тамғаи Boeing будааст.

Лекин раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳавопаймои Ил-96 ва роҳбарони Эрону Қазоқистон бо тайёраи тамғаи Airbus ба фурудгоҳ фуруд омаданд.

 Шаби гузаштаи 13 уми июн ба Бишкек сарони давлатҳо ва сарвазирони узви созмони ҳамкории Шанхай аз қабили Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Хитой, Русияву Узбекистон ва хамчунин давлатхои нозир - Афғонистон, Белорус ва Муғулистон ташриф оварданд. 

 Нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, таҳти роҳбарии хукумати Қирқизистон имрӯз дар Бишкек  ба кори худ шурӯъ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, Путин, Руҳонӣ, Мирзиёев ва президентҳои дигар ба Бишкек мераванд

 Санади асосии ки дар фарҷоми нишасти мазкур ба имзо мерасад, ин Эъломияи Бишкек хоҳад буд. Дар санади мазкур дурнамои рушди минбаъдаи кори ин созмон инъикос меёбад.

Диққати асосӣ ба вазифаҳои роҳбарони давлатҳои узв ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ равона хоҳад шуд.

© © ФОТО / ПРЕСС-СЛУЖБА ПРАВИТЕЛЬСТВА / АЛИШЕР АЛИЕВЭмомалӣ Раҳмон, президенти Точикистон бо тайёраи Boeing 737-800 вориди Бишкек шуд
Самолет авиакомпании SOMON AIR - Sputnik Тоҷикистон
1/11
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Точикистон бо тайёраи Boeing 737-800 вориди Бишкек шуд
© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевВладимир Путин, президенти Русия бо Ил-96 аз Русия ба Қирғизистон пароз кард. Ба пешвози Путин худи Сооронбой Ҷээнбеков баромад. Дар фурудгоҳ вохурии дуҷонибаи роҳбарони давлат баргузор гардид
Российский лидер Владимир Путин прилетел на Ил-96. Его встретил президент КР Сооронбай Жээнбеков. В аэропорту также состоялась двусторонняя встреча глав государств - Sputnik Тоҷикистон
2/11
Владимир Путин, президенти Русия бо Ил-96 аз Русия ба Қирғизистон пароз кард. Ба пешвози Путин худи Сооронбой Ҷээнбеков баромад. Дар фурудгоҳ вохурии дуҷонибаи роҳбарони давлат баргузор гардид
© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевШавкат Мирзиёев, президенти Узбакистонро ҳавопаймои Boeing 767-300-и ширкати Uzbekistan Airways ба Бишкек интиқол дод. Роҳбари давлатро сарвазири Қиргизистон Муҳаммедқалай Абилғозиев пешвоз гирифт
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев прибыл на Boeing 767-300, обслуживаемый компанией Uzbekistan Airways. В аэропорту его встретил премьер-министр Мухаммедкалый Абылгазиев - Sputnik Тоҷикистон
3/11
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистонро ҳавопаймои Boeing 767-300-и ширкати Uzbekistan Airways ба Бишкек интиқол дод. Роҳбари давлатро сарвазири Қиргизистон Муҳаммедқалай Абилғозиев пешвоз гирифт
© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевРаисҷумхури Эрон Ҳасан Руҳонӣ бо тайёраи Airbus А 340-300 фуруд омад
Президент Ирана Хасан Рухани прибыл на Airbus А 340-300 - Sputnik Тоҷикистон
4/11
Раисҷумхури Эрон Ҳасан Руҳонӣ бо тайёраи Airbus А 340-300 фуруд омад
© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевПарвози роҳбари Чин Си Ҷинпин бо тайёраи Boeing 747-800-и ширкати Air China сурат гирифт. Си Ҷинпин як рӯз пеш аз нишаст озими Қирғизистон шуд. Дар фурудгоҳ ӯро худи Сооронбой Ҷээнбеков пешвоз гирифт
Председатель КНР Си Цзиньпин прилетел на самолете Boeing 747-800, который обслуживает госкомпания Air China - Sputnik Тоҷикистон
5/11
Парвози роҳбари Чин Си Ҷинпин бо тайёраи Boeing 747-800-и ширкати Air China сурат гирифт. Си Ҷинпин як рӯз пеш аз нишаст озими Қирғизистон шуд. Дар фурудгоҳ ӯро худи Сооронбой Ҷээнбеков пешвоз гирифт
© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевСарвазири Покистон Имрон Хон бо тайёраи Gulfstream 450 парвоз кард. Дар фурудгоҳ ӯро муовини сарвазири Қиргизистон Замирбек Асқаров пешвоз гирифт
Пакистанский премьер-министр Имран Хан прибыл на Gulfstream 450. В аэропорту его встретил вице-премьер КР Замирбек Аскаров - Sputnik Тоҷикистон
6/11
Сарвазири Покистон Имрон Хон бо тайёраи Gulfstream 450 парвоз кард. Дар фурудгоҳ ӯро муовини сарвазири Қиргизистон Замирбек Асқаров пешвоз гирифт
© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевХалтмаагийн Баттулга роҳбари давлати Муғулистон бошад, бо сафари расмӣ ҳануз 12-уми июн ба Қиргизистон ташриф овард. Президенти Муғулистон бори нахуст аз Қирғизистон боздид мекунад. Баттулга бо тайёраи Boeing 737-800, ки аз ҷониби ширкати Mongolian Airlines хизматгузорӣ мешавад, ба фурудгоҳ нишаст. Ба пешвози президенти Муғулистон сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқалай Абилқозиев баромад
Глава Монголии прилетел на Boeing 737-800, который обслуживает компания Mongolian Airlines - Sputnik Тоҷикистон
7/11
Халтмаагийн Баттулга роҳбари давлати Муғулистон бошад, бо сафари расмӣ ҳануз 12-уми июн ба Қиргизистон ташриф овард. Президенти Муғулистон бори нахуст аз Қирғизистон боздид мекунад. Баттулга бо тайёраи Boeing 737-800, ки аз ҷониби ширкати Mongolian Airlines хизматгузорӣ мешавад, ба фурудгоҳ нишаст. Ба пешвози президенти Муғулистон сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқалай Абилқозиев баромад
© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевПрезиденти тозаинтихоби Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо тайёраи Airbus A321-211(CJ) ба Бишкек фуруд омад. Дар фурудгоҳ ӯро сарвазири давлат Муҳаммедқалай Абилғозиев пешвоз гирифт
Новоизбранный президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев приземлился на Airbus A321-211(CJ) - Sputnik Тоҷикистон
8/11
Президенти тозаинтихоби Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо тайёраи Airbus A321-211(CJ) ба Бишкек фуруд омад. Дар фурудгоҳ ӯро сарвазири давлат Муҳаммедқалай Абилғозиев пешвоз гирифт
© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевНорендра Моди, сарвазири Ҳиндустон ба ҷуз аз иштирок дар саммит, бо сафари расмӣ ба Қирғизистон ташриф овард. Моди бо тайёраи Boeing 747-400 парвоз карда буд. Дар фурудгоҳ президенти Ҳиндустонро ноиби сарвазир Замирбек Асқаров пешвоз гирифт
Премьер-министр Индии Нарендра Моди прибыл на самолете Boeing 747-400 - Sputnik Тоҷикистон
9/11
Норендра Моди, сарвазири Ҳиндустон ба ҷуз аз иштирок дар саммит, бо сафари расмӣ ба Қирғизистон ташриф овард. Моди бо тайёраи Boeing 747-400 парвоз карда буд. Дар фурудгоҳ президенти Ҳиндустонро ноиби сарвазир Замирбек Асқаров пешвоз гирифт
© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевАлександр Лукашенко, президенти Белорус бо Boeing 767-300 ба "Манас" фуруд омад. Лукашенкаро сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқалий Абилгозиев пешвоз гирифт
Президент Беларуси Александр Лукашенко прилетел на Boeing 767-300 - Sputnik Тоҷикистон
10/11
Александр Лукашенко, президенти Белорус бо Boeing 767-300 ба "Манас" фуруд омад. Лукашенкаро сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқалий Абилгозиев пешвоз гирифт
Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Boeing 737-300 вориди Бишкек шуд. Дар фурудгоҳ ба пешвози президенти Афғонистон ноиби сарвазир Замирбек Асқаров баромад
Президент Афганистана Мохаммад Ашраф Гани прибыл на Boeing 737-300 - Sputnik Тоҷикистон
11/11
Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Boeing 737-300 вориди Бишкек шуд. Дар фурудгоҳ ба пешвози президенти Афғонистон ноиби сарвазир Замирбек Асқаров баромад
Лентаи хабарҳо
0