Замин бе навбат, қарзҳо бо имтиёз: дар ВМКБ ба омӯзгорони ҷавон ҷои кор доданд

Обуна шудан
Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки пеш аз ба тасвиб расидани фармони вазири маориф ва илм ва нақшаи тақсимоти асосии хатмкунандагон оид ба эҳтиёҷоти кадрӣ маълумоти дақиқ пешниҳод намоянд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев маросими тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон доир гашт, хабар медиҳад Вазорати маорифи ҶТ.

Дар ҷаласа Давлатзода-муовини вазири маориф, Мардонов-сардори раёсати маорифи ВМКБ, Ҷонмаҳмадов-ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, мудаирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳ иштирок намуданд. 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Тасодуфию камсаводҳо нагиранд: Президент квота барои ВМКБ-ро 2 баробар зиёд кард

Расулзода-сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм иттилоъ додааст, ки тибқи фармони вазири маориф ва илм имсол 346 нафар мутахассиси ҷавони донишгоҳ ба тақсимот роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 93 нафарашон донишҷӯёне мебошанд, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил намудаанд.

Ичунин, 26 нафар хатмкунанда барои идомаи таҳсил дар риштаҳои магистратура роҳхат гирифтаанд.

"Дар маҷмӯъ 320 нафар хатмкунанда ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва корхонаҳои давлатӣ барои кору фаъолият сафарбар карда шуданд",-омадааст дар хабарнома. 

Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего - Sputnik Тоҷикистон
Эълони Вазорати маориф барои таҳсил бо стипендияи президент дар хориҷа

Манбаъ афзуда, ки масъалаи тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва таъмину бартараф намудани норасии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати роҳбарияти Вазорати маориф ва илм қарор дошта, масъалаи мазкур пайваста дар ҷаласаҳои мушовараи вазорат, маҷлисҳои назоратии назди вазир бо иштироки сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор мегирад.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи навбатӣ дастур дода шуд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки пеш аз ба тасвиб расидани фармоиши вазири маориф ва илм ва нақшаи тақсимоти асосии хатмкунандагон оид ба эҳтиёҷоти кадрӣ маълумоти дақиқ пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон, зимни суханронии масъулин қайд гардид, ки бо ташаббуси бевоситаи  Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии омӯзгорони ҷавон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул шудаанд, ки мақсади асосии онҳо тақвияти ҳифзи иҷтимоии омӯзгорони ҷавон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ мебошад.

© Вазорати маорифТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ВМКБ
Замин бе навбат, қарзҳо бо имтиёз: дар ВМКБ ба омӯзгорони ҷавон ҷои кор доданд - Sputnik Тоҷикистон
ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ВМКБ

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» имкон медиҳад, ки барои бенавбат гирифтани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва дигар имтиёзҳо дастрасӣ дошта бошанд.

Инчунин, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти омӯзгорӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии  омӯзгорони ҷавон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд» амал мекунад, ки он имкон медиҳад, ки омӯзорони ҷавон барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии деҳот фаъолият менамоянд, дар ҳаҷми 1 воҳиди сарборӣ ба андозаи 10 фоиз иловапулӣ ба даст оранд.

Лентаи хабарҳо
0