Президенти ҷадиди Қазоқистон Тоқаев ба Душанбе ворид шуд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қосим Ҷомарт Тоқаев бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Нимаи дуюми имрӯз президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

"15 июн Қосим-Жомарт Токаев дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд",-омадааст дар хабарнома.

Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон
Раиси иҷроияи Афғонистон бо сафари корӣ ба Душанбе омад

Ёдрав мешавем, ки Қосим Ҷомарт Тоқаев рӯзи якшанбе, 9 июн президенти Қазоқистон интихоб шуд.

Рустами Эмомалӣ ба пешвози раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев баромад

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 13 июн кишвардорони Шри-Ланка ва Бангдалеш барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Душанбе омада бо раисиҷумҳури ТОҷикистон дидору мулоқот карданд.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мешавад.

МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, соли 1992 ғояи таъсиси он аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардидааст. Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.

На каких авто президенты и премьеры передвигаются по Бишкеку — видео - Sputnik Тоҷикистон
Путину Ҷинпин савори лимузинҳои хусусӣ: Раҳмону Мирзиёев чӣ?-видео аз Бишкек

То имрӯз 27 давлат — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка  аъзои МҲТБО мебошанд.

Ҳамчунин дар Машварат 8 давлат — Беларус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония ва 5 созмони байналмилалӣ – Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Лигаи давлатҳои араб, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон дорои мақоми нозир мебошанд.

Мақоми олии қабулкунандаи қарорҳои МҲТБО Саммити сарони давлатҳо мебошад. Саммит ҳар чор сол як маротиба барои баргузории машварат, баррасии фаъолияти МҲТБО ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он даъват карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0