ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Созишномаи мазкур имрӯз дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва хонум Жоу Мин, раиси Шӯрои мудирони ширкати дорои масъулияташ маҳдуди “Каши Синюй Дади Майнин Инвестмент Лимитед” имзо гардид.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ гуфт, Ҳукумати кишвар барои корҳои иктишофи геологӣ дар кони нуқраи “Якҷилва”-и ноҳияи Мурғоб ҳанӯз 12 сол пеш иҷозатнома дода буд, ки дар ин давра танҳо барои корҳои зикршуда қариб 17 миллион сомонӣ сарф шудааст.
“Тайи ду соли охир бунёди корхона бо сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи 125 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуд ва он чор рӯз пеш ба фаъолият оғоз кард”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябри 2018 дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ.
Ӯ афзуд, иншооти мазкур дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аввалин корхонаи коркарди маъдан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки бо ҷалби технологияҳои муосир дар баландии зиёда аз 4500 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст.
Раисиҷумҳур иттилоъ дод, дар корхонаи зикршуда 220 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва музди миёнаи 2600 сомонӣ таъмин мегарданд.
Дар ҳамоиши байналмилалии сармоягузории Кӯлоб инчунин созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати ҶТ ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ барои маблағгузории тиҷорат, ёддошти тафоҳуми Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати байналмилалии “Тачен”-и Чин, созишнома барои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ миёни мақомоти вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Балхи Афғонистон имзо гардиданд.
Дар феҳрасти санадҳои имзошуда инчунин Ёддошти тафоҳум миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Утоқи тиҷорат ва саноати вилояти Бадахшони Афғонистон ва созишнома миёни ҳукумати Кӯлоб ва ширкати “Ориён – Рустам” барои сохтмони корхонаи маҳсулоти хӯрокворӣ зикр шудаанд.