Раисҷумҳур дар Мурғоб: аз металҳои нодир то мушкилнописандӣ ва хариди телевизор ба аҳолӣ

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонБоздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Мурғоб
Боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Мурғоб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи сеюми сафараш ба ВМКБ бо сокинони ноҳияи Мурғоб, ки ба гуфтаи ӯ заҳматкашу мушкилнописанданд, нақшаҳои рушди минтақаро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дастоварду ободкориҳои ноҳияро зикр карда, нақшаҳои Ҳукуматро барои рушди Мурғоб баён дошт.  

Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди металҳои нодиру маодини Мурғоб изҳор доштааст, ки барои корҳои ҷустуҷӯиву арзёбӣ дар кони Ясногор аз буҷа 8 миллион сомонӣ ҷудо мешавад. 

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бадахшониҳоро ба зиндагӣ дар Данғара даъват кард: марҳамат 100 ҳазор гектар замин

Ӯ афзудааст, ки корҳои ҷустуҷӯиву арзёбӣ дар зуҳуроти титани Башгумбез, Барфӣ ва кони флюорити Чамбой ба нақша гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон симои маркази ноҳия, хусусан, дар давоми солҳои охир хеле дигаргун шудааст.

"Имрӯз мо боз як қатор иншооти саноативу энергетикӣ ва биноҳои маъмуриро мавриди истифода қарор додем, ки барои бунёди онҳо 194 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст", — иттилоъ дод раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки бо мусоидати Бонки Осиёии Рушд барои аҳолии деҳоти дурдасти ноҳияи Мурғоб ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ 90 маҷмӯъ таҷҳизот, аз қабили дастгоҳ барои истеҳсоли нерӯи барқ, яхдон, телевизор ва воситаҳои равшанӣ хариду насб карда шуд.

"Бо насбу васл карда шудани таҷҳизоти зикршуда, мушкилоти 85 хоҷагии ноҳия, инчунин, мактабу бунгоҳи тиббии деҳоти Булункӯл, Чечекдеҳ, дидбонгоҳи сарҳадии Харгӯшӣ ва иншооти танзимкунандаи об ҳал гардид", — изҳор доштааст ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки дар мавзеи Якҷилваи деҳоти Аличур аввалин корхонаи калони саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — корхонаи ғанигардонии маъдани нуқра ба фаъолият оғоз кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми боздид аз ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Ташвиши Раҳмон дар Роштқалъа: насби техникаи куҳна дар корхонаи нав ва иҷро нашудани нақша

"Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол истихроҷи 50 ҳазор тонна маъдан ва истеҳсоли хокаи нуқра дар ҳаҷми 12,5 ҳазор тонна мебошад. Маҳсулоти корхона асосан ба содирот нигаронида шуда, минбаъд зарур аст, ки дар он коркарди ниҳоии нуқра ва дигар намудҳои маъдану сангҳои қиматбаҳо ба роҳ монда шавад", — зарур хондааст раисиҷумҳур. 

Ӯ зикр намудааст, ки Мурғоб Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои Қизил Арт-Саритош ва Кулма-Қарасу бо кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Чин мепайвандад.

"Ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 8 то 10 ҳазор мошинҳои боркаш бо зиёда аз 100 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногун гузаргоҳи байналмилалии Кулма-Қарасуро убур мекунанд", — хабар додааст Эмомалӣ Раҳмон.

Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Норозигии раисиҷумҳур аз иҷро нашудани супоришҳо: ба раисони ВМКБ то охири сол муҳлат дод

Ӯ аз иқдоми Ҳукумат барои ободсозии роҳҳо дар қаламрави ноҳия иттилоъ дода, рушди сайёҳиро дар Мурғоб ояндадор хондааст.

 "Бо қарори Ҳукумати мамлакат воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд", — иттилоъ додааст Эмомалӣ Раҳмон.

Мақомоти вилоятӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии кишвар муваззаф шудаанд, ки барои рушди сайёҳӣ, махсусан, кӯҳнавардиву шикор ва сайёҳии табобатӣ дар ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Лентаи хабарҳо
0