Гузориши котиботи Раҳмон аз сафари президентҳо ва симои Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз омад-омади роҳбарони як қатор кишварҳои хориҷӣ ва омодагии мақомоти Душанбе гузориш додааст

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад.

Шаҳри Душанбе аз зовияи боло - Sputnik Тоҷикистон
Душанбе омодаи пазироии президентҳо - аксҳо

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори ҳамоиш бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчӣ мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳад намуд.

“Ҳамчунин Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе имкони мусоидеро барои баргузории вохурии дуҷонибаи сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир фароҳам меорад”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Котиботи Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиши навбатии сатҳи байналмилалӣ, пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардидааст.

 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз Путин то Рӯҳонӣ меоянд: шаҳрдорӣ эълон кард, ки кадом кӯчаҳоро дар рӯзи саммит мебандад

“Аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрезу гулбез карда шуда, қабои тозаву идона ба бар кардааст. Гулу буттаҳои зебои ороишӣ, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусни тозае бахшидааст”, - таъкид кардааст манбаъ.

Дафтари матбуот афзуд, ки имрӯзҳо аҳли сайёра ба шаҳри Душанбе макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таваҷҷуҳ доранд. Котиботи раисиҷумҳур изҳори боварӣ намудааст, ки миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишро гарму самимӣ истиқбол мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0