Обуҳавошиносон: ҳарорат ба +29 дараҷа мерасад

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки на улице в Душанбе, архивное фото
Девушки на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе ҳарорат ба 27-29 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, обу ҳавои шаҳри Душанбе камабру  бебориш  мешавад.  Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат  меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда 3000 метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7+12  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон аз боридани борони кӯтоҳмуддату ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ намуданд

Имрӯз дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борони  кӯтоҳмуддат  ва   шабона барф дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз  4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва  рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Боду ҳавои вилояти Суғд тағйирёбанда ва бебориш  мешавад. Танҳо шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани  борон ва барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона   15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0