ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, обу ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд низ тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона гармӣ ба 11+16 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмудат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.